ДАР БОРАИ ШИРКАТ
Гурӯҳи ширкатҳо барои таъмин намудани аҳолӣ ва шарикон бо маҳсулот ва хизматрасонии босифат таъсис дода шудааст.
ДАР БОРАИ ШИРКАТ
Зиёда аз 15 сол мешавад, ки ширкати Фаровон яке аз холдингҳои пешрафта буда, фаъолияти он тамоми Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Ширкати Фаровон рӯз аз рӯз кори бениҳоят мураккаб ва ҳаётан муҳимро таъмин мекунад. Айни замон, мо яке аз ширкатҳои босуръат рушдёбанда дар Тоҷикистон мебошем. Ба гурӯҳи ширкат 3 корхонаи истеҳсоли орд, сехи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва парранда (комбикорм), сехи паррандапарварӣ ва як қатор корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмони - металлоконструксия, сэндвич-панел, хишти пухта, бетон, шағал ва санги майдакардашуда дохил мешаванд. Инчунин, дар тавозуни ширкат маҷмӯи таҷҳизоти элеваторӣ мавҷуд буда, барои нигоҳдорӣ ва тақсими ғалла дар ҳаҷми умумии 50000 тонн доро мебошад.
Ширкат истеҳсоли равғани растании хушсифатро дар зарфҳо оғоз намуд.
ИСТЕҲСОЛИ ТУХМ
ТУХМҲОИ “ДӮСТОН”
Тухмҳои Дӯстон бо сифати баланди худ фарқият доранд. Сифати баланд бо ғизодиҳии хӯроки хушсифат, шароити хуби нигоҳдории мурғҳо, тозагии таҷҳизотҳо ва иқлими махсус дар мурғхонаҳо таъмин карда мешавад. Барои саривақт ва босифат дастрас гардидани тухмҳои истеҳсолшаванда бо хатҳои автоматӣ фавран ба сехи навъбандӣ мераванд.
Ғизодиҳии баробар бо истифодаи маҷмӯи витаминҳо имконият медиҳад, ки тухмҳо бо ҷилди қавӣ, миқдори зиёди витаминҳо, зардии дурахшон ва таъми аъло истеҳсол шаванд.
Ба саломатии саршумори мурғҳо диққати махсус дода мешавад, ки он бо ёрии таҷҳизоти муосир ва мутахассисони сатҳи баланд, ки дар ширкатҳои хориҷӣ таҷрибаомӯзӣ гирифтаанд, таъмин карда мешаванд.
СИФАТИ БАЛАНДИ ТУХМҲО
Фабрикаи муосири паррандапарварии гуруҳи ширкат истеҳсоли тухмҳои c1, c2, c0, св-ро бо истифодаи технологияҳои муосирии хориҷӣ бо истифода аз таҷрибаи байналмиллалии пешбурди фаъолият ба роҳ мондааст. Тухмҳо таҳти тамғаи Дӯстон ба фурӯш бароварда мешаванд.
Ширкат яке аз бузургтарин истеҳсолкунандаи тухмҳо дар Тоҷикистон аст. Фаъолият дар маҷмӯъ ба роҳ монда шуда, тамоми давраи истеҳсолотро аз истеҳсоли хӯроки парранда, фабрика барои парвариши чӯҷаҳои ҷавон, комплексҳои паррандапарварӣ барои нигаҳдории мурғҳои тухмкунанда то анборҳои нигоҳдории дарозмуддати маҳсулотҳоро дар бар мегирад.
СЕХИ ИСТЕҲСОЛИ ХӮРОКИ ОМЕХТАИ ЧОРВО ВА ПАРРАНДА
Хӯроки омехтаи чорво ва парранда - омехтаи мураккаби ҷузъҳои ғизо (ғалладона, сочма, хӯроки чорво, иловаҳои минералӣ, витаминҳо ва ғайраҳо) мебошад, ки дар асоси дастурҳои илмӣ мувозинати таркиб ба роҳ монда шудааст; барои таъмини хӯрокаи хамаи намудҳо ва гурӯҳҳои ҳайвонот ва паррандагон истифода мешавад.
Фаровон истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва паррандаро барои хӯрокдиҳии асосии пурра ва ҳам концентрати онро хамчун иловакунанда ба хӯроквории дигар истеҳсол мекунад. Ба таркиби омехтаи хӯроки чорво ва парранда дохил мешаванд: қисми ғалладонагиҳо, иловаҳои минералӣ, компоненти сафедаҳо ва премикс.
Ҳамаи хӯрокҳо ба намуди дона бо истифода аз колибҳои андозаашон гуногун ва дар намуди пошхӯранда истеҳсол мешаванд. Раванди коркард аз реҷаи сабуки коркард бо гармӣ (термообработка) мегузарад.
Мо хӯроки омехтаи чорво ва паррандаро барои паррандагон, чорвои калони шохдор, харгӯш, моҳӣ ва ғайра истеҳсол мекунем.
СОХТМОН
Маълумот барои тамос
- ҶДММ "Фаровон-1"
- Рақами телефонӣ барои зангҳои байналмиллалӣ: +992777173131
- Суроға: 735750, Тоҷикистон, Вилояти Суғд, ш. Гулистон, Минтақаи истеҳсолӣ.
- E-mail: info@farovon.tj