about

ДАР БОРАИ ШИРКАТ

Гурӯҳи ширкатҳо барои таъмин намудани аҳолӣ ва шарикон бо маҳсулот ва хизматрасонии босифат таъсис дода шудааст.

ДАР БОРАИ ШИРКАТ

Зиёда аз 15 сол мешавад, ки ширкати Фаровон яке аз холдингҳои пешрафта буда, фаъолияти он тамоми Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Ширкати Фаровон рӯз аз  рӯз кори бениҳоят мураккаб ва ҳаётан муҳимро таъмин мекунад.  Айни замон, мо яке аз ширкатҳои босуръат рушдёбанда дар Тоҷикистон мебошем. Ба гурӯҳи ширкат 3 корхонаи истеҳсоли орд, сехи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва парранда (комбикорм), сехи паррандапарварӣ ва як қатор корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмони - металлоконструксия, сэндвич-панел, хишти пухта, бетон, шағал ва санги майдакардашуда дохил мешаванд. Инчунин, дар тавозуни ширкат маҷмӯи таҷҳизоти элеваторӣ мавҷуд буда, барои нигоҳдорӣ ва тақсими ғалла дар ҳаҷми умумии 50000 тонн доро мебошад. 

Ширкат истеҳсоли равғани растании хушсифатро дар зарфҳо оғоз намуд.

ВАЗИФАИ ШИРКАТ

Гурӯҳи ширкатҳо барои таъмини аҳолӣ ва шарикон бо маҳсулот ва хизматрасонии босифат таъсис дода шудааст.

АРЗИШҲОИ КОРПОРАТИВӢ    

  • Рушд ва самтгирӣ ба натиҷа 
  • Кормандон, кори гуруҳӣ ва касбигардонӣ
  • Таваҷҷӯҳ ба муштариён 
  • Обрӯю нуфузи тиҷоратӣ
about
flour

ИСТЕҲСОЛИ ОРД

Назорати сифати маҳсулот якчанд марҳилаҳоро мегузарад: аз ташхисгоҳҳои дохилии истеҳсолот то равандҳои ШНС (Шуъбаи назорати сифат). Компекси элеваторӣ дар таркиби худ ташхисгоҳи худро дорад, ки ташхиси гандуми воридшударо мегузаронад. Танҳо гандуми босифат ба истеҳсолот дода мешавад, ки ҳар як марҳилаи истеҳсолот дар давоми 24 соат дар як шабонарӯз аз таҳлили ташхисгоҳҳо гузаронида мешавад. Шуъбаи назорати сифат ҳар як бастаи маҳсулоти баровардашударо санҷида, аз рӯи нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдории он ташхиси худро мегузаронад. Ҳамаи марҳилаи истеҳсолот иловатан аз таҳлили ташхисгоҳи Марказӣ, ки бо таҷҳизотҳои пешқадам муҷаҳҳаз карда шудааст ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст, мегузарад. Ҳамаи маҳсулотҳои истеҳсолшаванда ба стандартҳои ГОСТ мувофиқ мебошанд. Бо мақсади таъмин намудани равандҳои муттасили истеҳсолот дар ширкат Системаи менеҷменти сифат тибқи стандарти байналмилалии ISO-9001:2015 татбиқ гардидааст. Афзалияти истеҳсолот дар ширкат, ки аз тарафи роҳбарияти Гурӯҳи ширкатҳои Фаровон муқаррар карда шудааст, ин дар сатҳти баландтарин доштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда мебошад.
Аз 3 корхона иборат буда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудаанд, ки иқтидори умумии истеҳсолии онҳо дар як шабонарӯз 620 тоннаро ташкил медиҳанд. Дар рӯйхати навъҳои маҳсулоти гурӯҳи ширкатҳои “Фаровон”, орд мавқеи махсусро ишғол менамояд: маҳз бо истеҳсоли он таърихи корхона оғоз ёфта, дар тӯли солҳо корхона муваффақиятҳои назаррасро ба даст овардааст. Айни замон, дар хатҳои истеҳсолӣ якчанд намуд ордҳо истеҳсол карда мешаванд: орди гандумии яклухти навъи якум, дуюм ва навъи олӣ. Ҳамаи маҳсулотҳо дар намудҳои гуногуни халтаҳо -  аз 1 кг то 50 кг бастубанд мешаванд.  Чи хеле ки маълум аст, истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои нонӣ, қаннодӣ ва макарон барои фаъолияти худ, бодиққат орди мувофиқро интихоб мекунанд. Мо солҳои тӯлонӣ бо чунин коргоҳҳо ҳамкорӣ менамоем ва шарикони навро барои ҳамкории доимӣ даъват намуда, орди дастрас ва баландсифатро пешниҳод менамоем.
Дар тӯли зиёда аз 15 соли фаъолият, ширкати Фаровон худро ҳамчун истеҳсолкунандаи орди баландсифат муаррифӣ намуд. Имрӯз, ширкати Фаровон ордро таҳти тамғаҳои маъруф: «Золотое Поле», «Мука Хучанд», «Дастархан» ва дигарҳо истеҳсол намуда ба фурӯш мебарорад. Фаъолияти асосии ширкат фурӯши яклухт ва чаканаи орд мебошад. Маҳсулотҳои мо назорати заруриро мегузаранд ва ба ҳама стандартҳои сифат ҷавобгӯ мебошанд. Ширкат ташхисгоҳи муосир ва беназири худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад. Ба шарофати ин, Шумо орди бехатар ва сифати устувор доштаро мегиред. Маҳсулоти ширкати Фаровон ба истеъмолкунандагон ва ташкилотҳои савдо хуб маъмул аст. Номгуи гуногуни маҳсулоти баландсифати ширкат ба тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва хориҷи кишвар бароварда мешавад. Дар Тоҷикистон дорандаи ягонаи иҷозат барои содироти орд мебошад.
flour
eggs

ИСТЕҲСОЛИ ТУХМ

ТУХМҲОИ “ДӮСТОН”

Тухмҳои Дӯстон бо сифати баланди худ фарқият доранд. Сифати баланд бо ғизодиҳии хӯроки хушсифат, шароити хуби нигоҳдории мурғҳо, тозагии таҷҳизотҳо ва иқлими махсус дар мурғхонаҳо таъмин карда мешавад. Барои саривақт ва босифат дастрас гардидани тухмҳои истеҳсолшаванда бо хатҳои автоматӣ фавран ба сехи навъбандӣ мераванд.

Ғизодиҳии баробар бо истифодаи маҷмӯи витаминҳо  имконият  медиҳад, ки  тухмҳо бо ҷилди қавӣ, миқдори зиёди витаминҳо, зардии дурахшон ва таъми аъло истеҳсол шаванд.

Ба саломатии саршумори мурғҳо диққати махсус дода мешавад, ки он бо ёрии таҷҳизоти муосир ва мутахассисони сатҳи баланд, ки дар ширкатҳои хориҷӣ таҷрибаомӯзӣ гирифтаанд, таъмин карда мешаванд.

СИФАТИ БАЛАНДИ ТУХМҲО

Фабрикаи муосири паррандапарварии гуруҳи ширкат истеҳсоли тухмҳои c1, c2, c0, св-ро бо истифодаи технологияҳои муосирии хориҷӣ бо истифода аз таҷрибаи байналмиллалии пешбурди фаъолият ба роҳ мондааст. Тухмҳо таҳти тамғаи Дӯстон ба фурӯш бароварда мешаванд.

Ширкат яке аз бузургтарин истеҳсолкунандаи тухмҳо дар Тоҷикистон аст. Фаъолият дар маҷмӯъ ба роҳ монда шуда, тамоми давраи истеҳсолотро аз истеҳсоли хӯроки парранда, фабрика барои парвариши чӯҷаҳои ҷавон, комплексҳои паррандапарварӣ  барои нигаҳдории  мурғҳои тухмкунанда то анборҳои нигоҳдории дарозмуддати маҳсулотҳоро дар бар мегирад.

eggs
comb

СЕХИ ИСТЕҲСОЛИ ХӮРОКИ ОМЕХТАИ ЧОРВО ВА ПАРРАНДА

Хӯроки омехтаи чорво ва парранда  - омехтаи мураккаби ҷузъҳои ғизо (ғалладона, сочма, хӯроки чорво, иловаҳои минералӣ, витаминҳо ва ғайраҳо) мебошад, ки дар асоси дастурҳои илмӣ мувозинати таркиб ба роҳ монда шудааст; барои таъмини хӯрокаи хамаи намудҳо ва гурӯҳҳои ҳайвонот ва паррандагон истифода мешавад.

Фаровон истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва паррандаро барои хӯрокдиҳии асосии пурра ва ҳам концентрати онро хамчун иловакунанда ба хӯроквории дигар истеҳсол мекунад. Ба таркиби омехтаи хӯроки чорво ва парранда дохил мешаванд: қисми ғалладонагиҳо, иловаҳои минералӣ, компоненти сафедаҳо ва премикс.

Ҳамаи хӯрокҳо ба намуди дона бо истифода аз колибҳои андозаашон гуногун ва дар намуди пошхӯранда истеҳсол мешаванд. Раванди коркард аз реҷаи сабуки коркард бо гармӣ (термообработка) мегузарад.

Мо хӯроки омехтаи чорво ва паррандаро барои паррандагон, чорвои калони шохдор, харгӯш, моҳӣ ва ғайра истеҳсол мекунем.

comb
construction

СОХТМОН

construction

ИСТЕҲСОЛИ МАСОЛЕҲҲОИ СОХТМОНӢ

Дар ширкат истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ яке аз самтҳои бо суръати тез рушд ёфта истода ба ҳисоб меравад. Дар ин самти фаъолият истеҳсоли металлоконструксия, сендвич-панел, хишти пухта, шағал ва маҳлули бетонии босифат дар хатҳои истеҳсолии муосир ба роҳ монда шудааст. 

Яке аз бахшҳои афзалиятноки фаъолияти сохтмонӣ ин истеҳсоли металлоконструксияҳо барои бино ва иншоотҳои тезбунёдшаванда ва инчунин сэндвич-панелҳо барои ин биноҳо мебошад. Ин истеҳсолоти ширкат пешрави соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 2012 инҷониб фаъолият мебарад.

МЕТАЛЛОКОНСТРУКСИЯ

Ширкат дар соҳаи истеҳсоли металлоконструксия пешсафтарин ба ҳисоб меравад.  Яке аз намудҳои нави конструксия ин сохтани пулҳо бо иқтидори борбардории зиёда аз 100 тонна мебошад. Маҳсулоти ширкат дар қаламрави Тоҷикистон талаботи зиёд дорад. Ширкат қобилияти дастраскунӣ ва сохтмони биноҳои тезбунёдшавандаро то Помир дорад. 

construction
construction

МЕТАЛЛОКОНСТРУКСИЯ

Масоҳати сехи истеҳсолии металлоконструксия 5200 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки дар он таҷҳизоти муосир барои иҷрои амалиётҳои технологӣ ҷойгир карда шудааст. Ҳамаи корҳо дар дастгоҳҳои махсус иҷро карда мешаванд. Буриши варақаҳои пӯлодӣ ба воситаи дастгоҳи кафшери газии автоматикунонидашуда амалӣ карда мешавад. Ин таҷҳизот имкон медиҳад, ки варақаҳои пӯлодро дар ҳар гуна шакл бурад. Назорати барномаи рақамии дастгоҳ имкон медиҳад, ки барои маводи коркардшаванда зуд мувофиқ карда шуда, самаранокӣ баланд бардошта шавад ва дуршавӣ аз меъёр камтарин карда шавад. Дар ин таҷҳизот буридани пӯлодро бо омехтаи оксиген ва пропан ваё бо истифодаи плазмаи ҳарорати баланд иҷро кардан мумкин аст. Ҳамаи унсурҳои сохти металлӣ буриши дутарош доранд, ки аз нуқтаи назари эътимоднокии иншоот ва технологӣ будани истеҳсолот нисбат ба дигар намудҳои металоконструксияҳо, ки айни замон истеҳсол мешаванд нисбатан самараноктар мебошанд. Дастгоҳи кафшерии комплексии LMH 4000, ки зери флюси махсус истеҳсоли маҳсулотро ба роҳ мемонад, имконияти тариқи автоматикӣ идораи равандро дорад. Сифати баланди конструксияҳои сохташаванда аз ҳисоби сифати баланди ашёи  хоми аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия харидашаванда таъмин карда мешавад. 

СЭНДВИЧ-ПАНЕЛ

Сэндвич- Панел (аз забони англ. sandwich – бутерброди бисёрқабата) – ин масолеҳи сохтмоние, ки сохтори сеқабата дорад, ки аз ду варақаи масолеҳи сахт (ДВП, металл, ПВХ, плитаи магнезитӣ) ва қабати гармкунанда байни онҳо иборат мебошад. Ҳамаи қисмҳои сэндвич-панелҳо байни худ бо фишордиҳии гарм ё хунук якчоя карда мешаванд. Мо истеҳсол мекунем:
  • Сандвич-панелҳои деворӣ
  • Сандвич-панелҳои бомӣ
  • C-профилҳо
Афзалиятҳо: Сифати баланди гарминигоҳдорӣ (ҳароратгузаронии пастарин), маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, сифати хуби садогиранда, ба сӯхтор тобоваранда, аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар, хизмати дарозмуддат, суръати сохмон ва новобастагӣ аз мавсим, насбкунӣ ва кандани осон, ба таъсири обу ҳаво аз ҷиҳати биологӣ устувор, вазни сабуки панелҳо, рангҳои гуногуни маҳсулот

ХИШТҲО

Комплекси истеҳсолии хишти пухта имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва  ҷавобгӯ ба стандарти ГОСТро дар тамоми давраи сол ба роҳ монда шавад. Нисбат ба хиштҳои дигар хиштҳои истеҳсолкунандаи ширкат ба андозаҳои мукарраршуда мувофиқат мекунад. Тафтиши дақиқи тамоми ашёи истифодашуда имконият медиҳад, ки маҳсулоти босифат истеҳсол карда шавад. Ширкат ҳамасола технология ва таҷҳизоти комплексро навсозӣ мекунад ва аз ин лиҳоз, ҳамеша ба рақобати бозор омода аст. Хусусияти ширкат дар ин самти тиҷорат ин иҷрои бечунучарои ӯҳдадориҳои ба худ гирифта мебошад.

БЕТОН ВА ШАҒАЛ

Кони худӣ, комплексҳои истеҳсолии самаранокии баланд доштаи истеҳсоли шағал, санги шағал ва омехтаҳои бетонии синфи M50-M400 имкон медиҳад, ки талаботҳои ҳама намуди мизоҷонро аз биноҳои хусусӣ то маҷмааҳои истиқоматӣ қонеъ кунад. Бетони истеҳсолшуда дар лабораторияи худӣ таҳти назорати қатъии сифат қарор дорад. Дар муқоиса бо дигар ширкатҳо, бетон бо назардошти халалдоршавии (танаффузх ва ғайра) эҳтимолии раванди сохтмон истеҳсол карда шуда, бидуни гум кардани сифат, сохтмон анҷом дода шавад. Ширкат дорои парки автомашинаҳои бетонкашонии худӣ барои таҳвили бетон мебошад.
work

НИГОРҲОИ ШИРКАТ

work
products

МАҲСУЛОТҲОИ ШИРКАТ

products
news

ХАБАРҲО

news
career

ФАЪОЛИЯТ ДАР ФАРОВОН

Мо дастаи бо мувафақ, навовар ва серҳаракат ҳастем, ки рушд ёбем ва мутахассисони ҷавонро тарбия намоем. Мо кӯшиш мекунем, ки мувозинати кор, таълим ва рушдро таъмин намоем. Мо мекӯшем, ки барои амалисозии пурраи малакаю дониши кормандон шароит фароҳам оварем ва болоравии касбии онҳоро дар асоси такмили доимии рушд ва омӯзиш ҳавасманд кунем. Мо ба кормандон барои беҳтар кардани кор, гирифтани масъулият ва салоҳият, барои мутахассиси беҳтарини касбӣ ва пешсаф шудан омодаем, ва барои ин ба кормандон озодии бештар диҳем.
Агар шумо хоҳед, ки дар як ширкати калони тиҷоратию истеҳсолии босуръат рушдёбанда ва дорои фаъолияти баёналмиллалӣ мебошад, рушд ёбед, СV-ии худро ба суроғаи электронии hr@farovon.tj ирсол намоед.

Маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ дар истиноди зерин:
https://somon.tj/Farovon
https://nexus.tj/farovon-1

Нусхаи CV-ро аз истиноди зерин дастрас карда метавонед: https://cloud.mail.ru/public/56Jt/AU7GnNkhP

career
Contact

Маълумот барои тамос

  • ҶДММ "Фаровон-1"
  • Рақами телефонӣ барои зангҳои байналмиллалӣ: +992777173131
  • Суроға: 735750, Тоҷикистон, Вилояти Суғд, ш. Гулистон, Минтақаи истеҳсолӣ.
  • E-mail: info@farovon.tj

АЛОҚАИ БАРЪАКС

    Contact